Таъвиқи озодии нафткаши Грис 1 бо коршикании Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45927-Таъвиқи_озодии_нафткаши_Грис_1_бо_коршикании_Амрико
Дар паи дархости Вазорати додгустарии Амрико аз давлати маҳалии Ҷабал Алториқ,озодии нафткаши Грис 1 ҳомили нафти Эрон ба таъвиқ афтод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Таъвиқи озодии нафткаши Грис 1 бо коршикании Амрико

Дар паи дархости Вазорати додгустарии Амрико аз давлати маҳалии Ҷабал Алториқ,озодии нафткаши Грис 1 ҳомили нафти Эрон ба таъвиқ афтод.

Ба гузориши Рейтерз, манобеъи давлати Амрико эълом краданд,ки Вазорати додгустарии ин кишвар бо ирсоли номае ба мақомоти Ҷабал Алториқ, тамдиди тавқифи нафткаши Грис 1 ва мусодираи онро хостор шудааст.

Рӯзномаи Gibraltar Chronicle ҳам гузориш дод ба рағми он,ки қарор буд нафткаши ҳомили нафти Эрон субҳи имрӯз ( панҷшанбе) ба вақти маҳалӣ, аз тавқиф хориҷ шавад аммо баъд аз дархости Вазорати додгустарии Амрико, ин тасмим дасти кам барои соате ба таъвиқ афтодааст.

Ин рӯзнома афзуд; додгоҳи олии Ҷабал Алториқ дар айни ҳол зимни мубарро донистани нохудо ва се хадамаи нафткаши Грис 1, ҳукми озодии онҳоро содир кардааст.

Рейтерз хабар дод ин чор тан озод шудаанд.

Нерӯи дарёии Британия 4 июл дар иқдоми ғайриқонунӣ нафткаши Грис 1 ҳомили нафти Эронро дар тангаи Ҷабал Алториқ,ки давлати маҳалии он таҳти ҳокимияти Лондон аст,тавқиф кард.

Дар ин иқдоми ғақриқонунӣ, илова бар тавқифи кишти, чор хадама аз ҷумла капитани он низ дар дохили кишти боздошт ва гузарномаҳои онон забт шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ин иқдомро Роҳзании дарёӣ хонда ва озодии нафткашро хостор шудааст.