Коргурӯҳи роҳгузори шимол ҷунуб миёни Эрон , Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил мешавад
(last modified 2019-08-15T13:42:00+00:00 )
Август 15, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Коргурӯҳи роҳгузори шимол ҷунуб миёни Эрон , Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил мешавад

Вазирони роҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тавофуқ карданд коргурӯҳе ба манзури фаъолсозии роҳгузари шимол ҷунуб ташкил диҳанд.

Дар ин дидор,ки дар шаҳри бандарии Сочӣ дар соҳили дарёи Сиёҳ дар Русия баргузор шуд, Маҳдии Саноӣ сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва Юрий Чаптаториёв вазири умури Қафқози шимолии Русия низ ҳузур доштанд.

Ин нишасти сеҷониба ба манзури баррасии абъод ва мавзуъоти роҳгузари шимол ва ҷунуб ва таҳияи нақшаи роҳи фаъолсозии он баргузор шуд.

 Муҳаммад Исломӣ вазири роҳи Эрон,Югнӣ Дитерих вазири ҳамл ва нақли Русия ва  Ромин Қулизода вазири ҳамл ва нақли Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин дидори сесоата ҳамчунин абъоди гумрукии,релӣ ва ҷодаии роҳгузари шимол ҷунубро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Роҳгузари шимол* ҷунуб масири аслии такмили гузаргоҳи транзитии 7200 километрии Ҳелсинкӣ дар Финландия ва Бамбаии Ҳиндустон аст,ки иртиботи шимол Аврупо ва Русияро аз тариқи Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ҳинд ва ҷунуб шарқи Осиё барқарор мекунад.

Илова бар масири аслӣ, шохаҳои иншиъобии ин гузаргоҳи байни қораӣ ба тули ҳазорон километр даҳҳо кишвари дуртарро дар Осиё ва Аврупо ба ҳам пайванд дод ва яке аз иқтисодитарин масирҳои ҷодаии байналмиллалӣ мешавад.

Ин каридор илова бар кутоҳ кардани 40 дарсадии тули масири иртиботии Осиё ва Аврупо,ҳудуди 30 дар сад аз ҳазинаҳои ҳамл ва нақлро низ коҳиш медиҳад.

Барчасп