Август 17, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дубораи Чин ба Амрико дар мавриди фуруши таслиҳот ба Тайвон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин бори дигар ба Амрико ба далели фуруши таслиҳот ба ҷазираи Тайвон,ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳаво Чуйинг рӯзи шанбе бо судури баёнияе ба Амрико ҳушдор дод, агар бихоҳад ба фурушҳои таслиҳот ба Тайвон идома диҳад, масули паёмадҳои он хоҳад буд.

 Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин афзуд,агар Амрико ба Тайвон ҷанганда бифурушад бо хашм ва иқдоми муқобилаҷуёнаи Пекин рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мавзеъи вазорати хориҷаи Чин рӯзи шанбе пас аз он эълом шуд,ки гузоришҳое марбут ба баррасии фароянди фуруши ҷангандаҳои Ф 16 Амрико ба Тайвон тавассути сенаторҳои Амрикоӣ мунташир шуд.

Рӯзномаи Совт Чойно рӯзи шанбе аз қувли Марко  Рубио яке аз сенаторҳои амрикоӣ овардааст,ки мо бояд то метавонем аз Тайвон барои афзудан бар тавони дифоияш ҳимоят кунем.

 Давлати Амрико бо дархости ҷазираи Тайвон бинобар хариди беш аз 60 фарванди ҷангандаи Ф 16 мувофиқат кардааст.

Бештар вазорати дифоъи Чин дар баёнияе эълом карда буд, Пекин фуруши таслиҳот ба Тайвон аз сӯи ҳеҷ кишваре аз ҷумла Амрикоро барнаметобад ва онро хилофи асли Чини воҳид медонад.

Давлати Чин борҳо эълом кардааст, истиқлоли ҷазираи Тайвонро таҳамул нахоҳад кард. Чин, Тайвонро ҷузи ҷудонопазири хоки худ медонад.