Ифшои изҳороти Пампео дар бораи худкомагии Трамп
Расонаҳо фош карданд, вазири умури хориҷии кунунии Амрико дар соли 2016 дар мавриди худкомагии Трамп дар сурати дастёбии вай ба қудрат ҳушдор дода буд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Business Insider”, Майк Пампео, ки пеш аз ин раиси Созмони иттилооти марказии Амрико буд, дар соли 2016 дар як суханронияш Барак Обама, раисҷумҳури вақтро фарди худкома хонда ва ҳушдор дода буд, агар Доналд Трамп ҳам раисҷумҳур шавад, вазъ ҳамин хоҳад буд. “Бизнес инсайдер” менависад, Пампео ба мухолифат бо Трамп дар тӯли корзори интихоботияш дар соли 2016 идома дод ва дар ҷое гуфт: “Бисёре аз сиёсатҳои Трамп бо дидгоҳҳои ман мунтабиқ нест”.
Ба рағми интиқодҳои гузаштаи Пампео аз Трамп вай акнун аз вафодортарин афрод ба раисҷумҳур ва аз мушовирони қобили эътимоди вай қаламдод мешавад. Шумори дигаре аз мунтақидони собиқи Трамп низ баъдҳо ба муттаҳидони аслии вай табдил шуданд, аз ҷумла Келлианн Конвэй (Kellyanne Conway), мушовири Кохи Сафед ва Линдси Граҳам (Lindsey Graham), сенатори ҷумҳурихоҳ, ки имрӯз ҳамчун Пампео вақте Трамп бо лаффозиҳо ва сиёсатҳояш ҷанҷол барпо мекунад, ҷузъи аввалин мувофиқону ҳамроҳони ӯ маҳсуб мешаванд.