Август 25, 2019 16:18 Asia/Dushanbe
  • 27 кушта бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, аз кушта шудани 27 нафар бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омри хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе гузориш дод 69 мавриди тирандозӣ дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталиф рӯй додааст, ки бар асари онҳо дастикам 27 нафар куштаву 63 нафар захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, бештари ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Миссури, Каролинаи шимолӣ, Флорида ва Калифорния рӯй додааст.

Тибқи ахбори маҷвҷуд дар 48 соати гузашта низ 189 мавриди тирандозӣ дар шаҳрҳо ва иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 55 нафар куштаву 144 нафар захмӣ шудаанд.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки тирандозии аввалҳои моҳи ҷорӣ дар шаҳрҳои Эл-Пасо, Дейтон ва Чикаго ба куштаву захмӣ шудани 80 нафар мунҷар шуд.

 

Барчасп