Дархости Чин аз Ҳинду Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i4618-Дархости_Чин_аз_Ҳинду_Покистон
Ҳамзамон бо ташдиди таниш миёни Ҳинду Покистон дар мавриди Кашмир, Чин хостори хештандории ду кишвар шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2016 15:23 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин аз Ҳинду Покистон

Ҳамзамон бо ташдиди таниш миёни Ҳинду Покистон дар мавриди Кашмир, Чин хостори хештандории ду кишвар шуд.

Вазорати умури хориҷаи Чин бо интишори баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз хушунатҳои ҷорӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, аз ин кишвар ва Покистон хост, бо хештандорӣ монеъ аз ташдиди буҳрон шаванд.

Ин дархост дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бар асари ҳамлаи ахири шибҳинизомиён ба як пойгоҳи низомии Ҳинд дар минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишвар, 18 тан аз низомиёни Ҳинд кушта шуданд.

Ҳинд Покистонро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам мекунад. Исломобод бо радди ин иттиҳом, бар ҳамкории дуҷониба барои муқобила бо терроризм таъкид дорад.

Ҳинд эълом кардааст, ки асноду мадорики марбут ба ин ҳамларо на танҳо ба Покистон, балки маҳофили ҷаҳонӣ ироа хоҳад кард то беш аз пеш ин кишварро дар инзиво қарор диҳад. Ин дар ҳоле аст ки Покистон низ эълом кардааст, бо тарҳи буҳрони Кашмири таҳти контроли Ҳинд ва хушунатҳои нерӯҳои ин кишвар зидди мардуми ин минтақа дар ҷомеаи байналмилалӣ талош хоҳад кард то Ҳиндро барои ҳалли асосии буҳрони Кашмири таҳти контролаш мавриди фишор қарор диҳад.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, буҳрони Кашмир на танҳо бар равобити Ҳинду Покистон соя афкандааст, балки амнияти минтақаро низ ба шиддат таҳдид мекунад. Зеро гурӯҳҳои террористӣ бо ташдиди ҳамалоти худ боис мешаванд таниш дар равобити Ҳинду Покистон низ шиддат ёбад.

Пас аз ҳар ҳамлаи террористӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд зидди нерӯҳои ин кишвар ва ё дар дохили Ҳинд, Деҳлии нав билофосила ангушти иттиҳомро ба самти Покистон нишона мекунад ва ин кишварро ба даст доштан дар ҳамалоти террористӣ муттаҳам мекунад. Бо тавваҷуҳ ба шиддати ин ҳамалот ва талафоти нерӯҳои ҳиндӣ навъи вокунишу иттиҳоми ин кишвар зидди Покистон низ афзоиш меёбаду ҳамин мавзӯъ маҳофили минтақаиву байналмилалиро дар мавриди бурузи ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ миёни Ҳинду Покистон нигарон мекунад.

Он чӣ ба назар мерасад, ҳар чӣ бештар Чинро дар мавриди паёмадҳои таниш миёни Ҳинду Покистон нигарон карда, тамрини ҷангандаҳои Покистону Ҳинд дар наздикии хати контроли Кашмир аст.

Ширкати ҳавопаймоии Покистон эълом кард, тамоми парвозҳо ба мақсади фурӯдгоҳҳои шаҳрҳои Гилгит ва Скарду, дар шимоли ин кишвар, воқеъ дар наздиктарин нуқта ба минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳиндро лағв кардааст.

Ҳамзамон бо истиқрори ҷангандаҳои Ҳинд дар наздикии хати контроли Кашмир, Покистон низ фурӯдгоҳҳои худ дар наздикии онро тахлия карда то маҳалле барои тамрини ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии ин кишвар бошад. Бо тавваҷуҳ ба ин ки Ҳинду Покистон ба силоҳҳои атомӣ муҷаҳҳаз ҳастанд, бурузи ҳар гуна ҷанг миёни ду кишвар метавонад паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ доштаи бошад. Дар ин ҳол, Чин низ нигарони он аст, ки идомаи таниш дар равобити Ҳинду Покистон муҷиби гусели нерӯҳои ғарбӣ ба минтақа ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амнияти хати контроли Кашмир шавад, ки ба ташдиди вазъияти низомии минтақа кӯмак мекунад.

Дар ҳар ҳол, аз дидгоҳи маҳофили минтақаӣ, Ҳинд бояд бо тағйири мавозеи худ дар қиболи Кашмир, заминаи оғози музокирот барои ҳалли асосии буҳрони онро фароҳам кунад.

Бетаваҷҷуҳии Ҳинд ба ин масъала боис шуд то Созмони ҳамкории исломӣ ахиран аз Созмони милал бихоҳад бо эҳтиром қоил шудан ба қатъномаи худ, ки барои таъйини сарнавишти Кашмир, бо муроҷиа ба назари мардуми ин минтақа содир кардааст, Ҳиндро барои иҷрои он таҳти фишор қарор диҳад.