Кохи Элиза; музокирот бо Зариф мусбат буд
Кохи раёсати ҷумҳурии Фаронса якшанбе шаб дар барномае музокироти раиси ҷумҳурӣ ва вазири хориҷаи ин кишвар бо Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Биёритз дар ҷунуб ғарби Фаронсаро мусбат баршумурд.
Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Кохи Элиза дар ин баёния таъкид кард, Парис ба гуфтугӯ бо Теҳрон идома хоҳад дод.
Зариф асри якшанбе ба манзури идомаи гуфтугӯҳо дар хусуси ибтикороти ахир миёни раисони ҷумҳурии Эрон ва Фаронса, вориди шаҳри Биёритз маҳали баргузории иҷлоси сарони гурӯҳи ҳафт шуд.
Вазири хориҷаи Эрон дар шаҳри Биёритз бо Эмануэл Макрун раиси ҷумҳур ва Жан – Ив Ле Дриан вазири хориҷаи Фаронса ва ҳамчунин намояндагони Олмон ва Британия дидор ва гуфтугӯ кард.
Зариф якшанбе шаб пеш аз тарки Биёритз дар ТВВИТЕР бо таъкид барин,ки дипламатии фаъоли Эрон дар ростои таҳақуқи таъомули созанда идома дорад навишт ; масири пеши рӯ душвор аст,аммо арзиши имтиҳон кардан дорад.
Сарони гурӯҳи ҳафт аз рӯзи шанбе ба мудати се рӯз дар шаҳри Биёритз гирди ҳам омадаанд ва Эрон яке аз мавзуъоти аслии мавриди баҳс дар рӯзи нахусти нишасти сарони ин гурӯҳ будааст.
Вазири хориҷаи Эрон ҷумъаи гузашта низ ба Парис сафар ва бо Макрун ва Ле Дриан дидор карда буд.
Зариф пас аз дидор бо раиси ҷумҳурии Фаронса дар ҷамъи хабарнигорон дар Парис, гуфтугӯҳояш бо Макрунро хуб ва созанда тавсиф ва тасриҳ кард; Иттиҳодияи Аврупо бояд ба таъаҳудоти худ дар баробари БАРҶОМ ва ҳамчунин таъаҳудоте,ки баъд аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқи байналмиллалӣ додааст пойбанд бошад.