Август 28, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди даргириҳо дар марзи Ҳинду Покистон

Ду шаҳрванди ғайринизомии Покистон дар даргириҳои марзии Деҳлии Нав ва Исломобод кушта шуданд.

Ба нақл аз ИРНА, расонаҳои Покистон бомдоди чоршанбе эълом карданд: Ҳамалоти марзбонони ҳиндӣ ва минтақаи маскунӣ дар бахши марзии Некрон дар хоки Покистон мунҷар ба ҷон бохтани ду ғайринизомӣ ва захмӣ шудани се нафари дигар шуд.

Марзҳои заминии Ҳинду Покистон аз моҳи гузашта дар паи вазъи бӯҳронии Кашмир маташанниҷ шудааст.

Артиши Покистон пештар гуфта буд: Ҳинд барои инҳирофи афкори умумии ҷаҳон аз авзои бӯҳронии Кашмир, ба даргириҳои марзӣ бо Покистон доман мезанад.

Вазорати умури хориҷаи Покистон рӯзҳои гузашта дар эътироз ба ҷон бохтани низомиён ва ғайринизомиёни ин кишвар дар паи оташбории марзбонони ҳиндӣ, кордори Деҳлӣ дар Исломободро ба таври мутаволӣ чанд бор эҳзор кард.

 

Барчасп