Мухолифати давлати Афғонистон бо хостаҳои Толибон
(last modified Thu, 29 Aug 2019 12:43:44 GMT )
Август 29, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати давлати Афғонистон бо хостаҳои Толибон

Сухангуи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт; давлати ин кишвар наметавонад хостаҳои гурӯҳи Толибонро бипазирад ва ин гурӯҳ бояд хостаҳои давлатро қабул кунад.

Сидиқ Сидиқӣ гуфт; давлати Афғонистон поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишварро хостор аст ва гурӯҳи Толибон бояд ба ин ҷанг ва даргирӣ поён диҳад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон афзуд; ҳамчунин давлати ин кишвар хоҳони ҳузури тулонӣ муддати низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон нест.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад,ки гуфтугӯҳои намояндагони Амрико ва Толибон беҳузури давлати Афғонистон дар Қаттар идома дорад ва Кобул низ аз эҷоди тавофуқи якҷонибаи Амрико бо ин гурӯҳ нигарон аст.

Чанде пеш Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфта буд,ки сулҳи воқеъӣ аз тавофуқи гурӯҳи Толибон бо Амрико ба даст намеояд балки ин гурӯҳ бояд бо давлати Афғонистон сулҳ кунад.

Ашраф Ғанӣ ҳамчунин афзуд; дар ҳар гуна созиш ё муомила бо Толибон набояд ду асли асосии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва низоми ҷумҳурият зери по гузошта шавад.