Ҷалоди ДИИШ дар Риққаҳ боздошт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46309-Ҷалоди_ДИИШ_дар_Риққаҳ_боздошт_шуд
Нерӯҳои демократики курди Сурия имрӯз ( ҷумъа ) яке аз аносири ДИИШ,ки ба унвони ҷалоди ДИИШ дар Риққаҳ шинохта мешавадро дар ин шаҳр боздошт карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 30, 2019 19:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷалоди ДИИШ дар Риққаҳ боздошт шуд

Нерӯҳои демократики курди Сурия имрӯз ( ҷумъа ) яке аз аносири ДИИШ,ки ба унвони ҷалоди ДИИШ дар Риққаҳ шинохта мешавадро дар ин шаҳр боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник; нерӯҳои демаократики курди Сурия Анвар Ҳадушӣ мавсум ба ҷалоди ДИИШ дар Риққаҳро,ки тобеъияти Белҷикӣ дорад ба ҳамроҳи ҳамсараш боздошт карданд ва акнун дар зиндони нерӯҳои курди Сурия аст.

Ба навиштаи рӯзномаи Ди Мургани Белжик, ин унсур ДИИШИ мутаҳам ба куштани беш аз 100 нафар дар Риққаҳ дар замони ишғоли ин шҳар ба дасти ин гуруӯҳи терорристӣ аст.

Додситонии федероли Белжик низ ин афродро ба пуштибонӣ аз ҳамлаҳои терорристӣ дар Парис ва Бруксел мутаҳам кардааст.

Акнун мушахас нест,ки Ҳадушӣ дар Сурия, Белжик ё Фаронса муҳокима хоҳад шуд.

Дар ҷараёни ишғоли чорсолаи шаҳри Риққаҳ дар шимоли Сурия ва дар соҳил руди Фурот, хасороти сангине бар пайкараи он ворид ва шумори зиёде аз сокинони он ба дасти ДИИШ кушта шуда ва ё рабуда шуданд. Гурӯҳи терорристии ДИИШ ин шҳарро ба муддати чор сол пойтахти хилофати худ хонда худ эълом карда буд.,ки дар соли 2017  аз ишғоли ин гурӯҳи ифротӣ хориҷ шуд.