Август 31, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Такзиби тавофуқи Толибон бо Амрико

Сухангуи гурӯҳи Толибон, интишори бархе ахбор бинобар тавофуқи ин гурӯҳ бо Амрико дар нуҳумин даври музокирот дар Доҳаи Қаттарро такзиб кард.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, бомдоди шанбе афзуд; гурӯҳи Толибон дар  музокирот бо Амрико дар Қаттар ба ҳеҷ тавофуқе нарасидааст.

Ин дар ҳолест пештар Салиҳ Шоҳин сухангуи дафтари  сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қаттар муддаъӣ шуд, ин гурӯҳ ба тавофуқи ниҳоӣ бо Амрико наздик шудааст.

Нуҳумин даври музокироти Амрико ва Толибон дар ҳоле дар Қаттар ҳамчунон идома дорад,ки ин музокирот то кунун натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст.

Барчасп