Кушта шудани 10 нафар бар асари таркиши террористӣ дар Қундузи Афғонистон
Сентябр 01, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
Ба асари таркиши террористӣ дар шаҳри Қундуз дар шимоли Афғонистон камаш 10 нафар кушта шуданд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар ин таркиши террористӣ, ки баъд аз зуҳри рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Қундуз рух дод панҷ нафари дигар аз ҷумла фармондеҳи полиси ин шаҳр низ захмӣ шуданд.
Ҳануз шахс ё гуруҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст.
Ин таркиши террористӣ дар ҳолест, ки шаҳри Қундуз аз бомдоди рӯзи шанбе саҳнаи набарди сангин байни гуруҳи Толибон ва нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон будааст.
Давлати Афғонистон асри дирӯз аз дафъи ҳамлаи Толибон ба Қундуз хабар дод.
Барчасп