Сентябр 01, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Трамп аз ҳукумате ваҳшӣ дар Риёз ҳимоят мекунад

Узви сенати Амрико бо ишора ба пуштибонии давлати ин кишвар аз ҷиноятҳои режими саудӣ дар Яман тасреҳ кард, Трамп дар воқеъ аз як ҳукумати ваҳшӣ дар Риёз ҳимоят мекунад.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, Беренӣ Сандерз сенатори мустақил ва номзади муқаддамотии демократҳо дар интихоботи раёсат ҷумҳурии 2020 Амрико имрӯз якшанбе гуфт, мардуми Яман ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд  ва ба бомбҳо ва ба бомбҳо ва вайрониҳои бештар ниёз надоранд.

Сандерз ваъда дод, то ҳар чи дар тавон дорад барои поён додан ба мушорикати Амрико дар ҷанги эътилофи саудӣ зидди Яман ба кор бигирад.

Сандерз пештар ҳам гуфта буд фақат бо ихроҷи Доналд Трамп аз Кохи Сафед  метавон яманиҳоро наҷот дод.

Режими саудӣ аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ҳампаймонони Риёз иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. 

Барчасп