Сентябр 02, 2019 14:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Ашраф Ғанӣ

Зулмо Халилзод намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури ин кишвар дар Кобул дидор ва гуфтугу кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Сидиқ Сидиқӣ сухангуи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт; ин дидор шаби гузашта дар Арги раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва Халилзод гузорише аз нуҳумин даври музокироти худ бо Толибонро дар Қаттар ба раиси ҷумҳури Афғонистон ироа кард.

Сидиқ Сидиқӣ афзуд; ҷузиёти бештари ин дидор аз тариқии расонаҳои ҷамъӣ эълом мешавад.

Халилзод пас аз поёни нуҳумин даври музокироти худ бо намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қаттар рӯзи гузашта вориди Кобул шуд.

Замзамон бо сафари Халилзод ба Кобул, Сурур Дониш муовини дуввуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт; раванди сулҳ бисёр печида ва замонгир аст ва то кунун ин раванд ба натиҷае нарасидааст.

Бо гузашти 9 даври музокироти Амрико бо Толибон дар Қаттар ҳануз ҳам тавофуқномае миёни ду тараф ба имзо нарасида аммо Халилзод ҳамвора таъкид кардааст,ки Амрико ва Толибон ба тавофуқ наздик шудаанд.

Ин дар ҳоле аст,ки бархе манобеъ гуфтаанд хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон ва мавзуъи  Иморати Толибон ҳамчунон аз масоили мавриди ихтилофӣ аст,ки миёни Амрико ва Толибон боқӣ мондааст.

Барчасп