Сентябр 02, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Ашраф Ғанӣ

Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар Кобул дидору гуфтугӯ кард.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ин дидор шаби гузашта дар арги раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва Халилзод гузорише аз нуҳумин даври музокироти худ бо Толибонро дар Қатар ба раисҷумҳури Афғонистон ироа кард.

Сиддиқӣ афзуд, ҷузъиёти бештари ин дидор аз тариқи расонаҳои ҷамъӣ эълом мешавад.

Халилзод пас аз поёни нуҳумин даври музокироти худ бо намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, рӯзи гузашта вориди Кобул шуд. Ҳамзамон бо сафари Халилзод ба Кобул, Сарвар Дониш, муовини дувуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, раванди сулҳ бисёр печида ва замонгир аст ва то кунун ин раванд ба натиҷае нарасидааст. Бо гузашти нуҳ даври музокироти Амрико бо Толибон дар Қатар, ҳанӯз ҳам тавофуқномае миёни ду тараф ба имзо нарасида, аммо Халилзод ҳамвора таъкид кардааст, ки Амрико ва Толибон ба тавофуқ наздик шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе манобеъ гуфтаанд, хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон ва мавзӯи “Иморати Толибон” ҳамчунон аз масоили мавриди ихтилофе аст, ки миёни Амрико ва Толибон боқӣ мондааст.

 

Барчасп