СНН: Трамп дар дурӯғгуӣ рекорд зад
Як расонаи амрикоӣ навишт: "Раисиҷумҳури ин кишвар тайи 6 ҳафта, 328 иддаои хилофи воқеъ матраҳ кардааст".
Шабакаи хабарии СНН рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз 8 июл то 18 август тайи шаш ҳафта ба таври мутавассит дар ҳар рӯз 7 иддаои дурӯғро матраҳ кардааст.
Бино бар ин гузориш, 23 дарсад аз дурӯғҳои Трамп дар бораи демократҳо, 18 дарсад дар бораи тиҷорат, 16 дарсад низ дар бораи Чин гуфта шудааст.
Мавзӯи муҳоҷират бар хилофи ҳамеша тайи ин шаш ҳафта, бо 13 дарсад дар макон ипанҷуми дурӯғҳои Трамп қарор гирифт.
СНН гузориш дод: "Муҳиммтарин бахши дӯрғҳои Трамп марбут ба такрори чандбораи мавзӯи таърифаи тиҷорӣ аст, инки ҳазинаи ҷанги тиҷорӣ бо Чин мутаваҷҷеҳи Пекин аст ва на Вашингтон".
Трамп 19 бор дар 6 ҳафта муддаӣ шуд, ки амрикоиҳо ҳазинаи ҷанги тиҷориро намепардозанд.
Ин дар ҳолест, ки натоиҷи баррасиҳо ҳокӣ аз дурӯғ будани ин иддаост.
Трамп ҳамчунин тайи ин давра 14 мартаба муддаӣ шуд, демократҳо хоҳони боз будани марзҳои Амрико ҳастанд.
СНН навишт, Трамп моил аст, рақибони демократи худро ҳомии муҳоҷирати контрол нашуда нишон диҳад, дар ҳоле, ки ин гуна нест.
Трамп фақат дар 15 август, 37 иддаои дурӯғро дар ҷараёни суханронии худ дар Ню Гэмпшир(New Hampshire) матраҳ кард.
Ин рекорди ҷолиби таваҷҷуҳ, фақат дар ду мусоҳиба, як суханронӣ ва гуфтугӯи 15 дақиқаӣ бо хабарнигорон ба сабт расид.