Дархости ниҳоди ҳуқуқи башари Аврупо барои муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ
(last modified Thu, 05 Sep 2019 11:34:05 GMT )
Сентябр 05, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости ниҳоди ҳуқуқи башари Аврупо барои муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Аврупо аз парлумони Швейтсария хост, таслими фишорҳои режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз тасвиби қонуни боздошти омилони ҷиноёти ҷангӣ алайҳи фаластиниҳо нашавад.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо ибрози нигаронӣ аз сафари як ҳайати исроилӣ ба Швейтсария, дар баёнияе тасреҳ кард, ҳадафи ин ҳайат дастёбӣ ба роҳи ҳалли фаврӣ алайҳи тасвиби қонуне дар парлумони Швейтсария аст, ки ба ин кишвар иҷоза медиҳад, то мақомоти сиёсӣ ва низомии Исроилро, ки аз онон назди додгоҳҳои байналмилалӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ шикоят шудааст, боздошт кунад.

Ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ илова бар парлумони Швейтсария, аз дигар мақомоти ин кишвар низ хост ба мавзеи худ, дар мавриди пайгиради иқазоӣ иқдомоти ғайриқонунии Исроил зидди фаластиниҳо пойбанд бошанд.

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Аврупо аз дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам хост ҳамгом бо Швейтсария, қавонини дохилӣ вазъ кунанд то имкони пайгарди қазоии омилони нақзи ҳуқуқи фаластиниҳо фароҳам шавад.

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ,  Эҳуд Олмерт, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ, авохири июли гузашта аз тарси боздошт шудан ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ алайҳи фаластиниҳо дар соли 2008, сафарашро ба Швейтсария лағв кард.

Замони таҳоҷуми низомӣ авохири соли 2008 низомиёни режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ки ба шаҳодати беш аз 1400 фаластинӣ мунҷар шуд, Олмерт нахуствазири ин режим буд.