Арабистон мутаҳамони суқути ҷарсақил дар Масҷид Алҳаромро табраа кард
Додгоҳе дар Арабистони Саудӣ, ширкати Бинлоданро аз иттиҳоми кутоҳӣ дар ҳодисаи суқути ҷарсақил бар сари зоирони хонаи Худо,ки бар асари он садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, табраа кард.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, додгоҳи кайфарии Макка, парвандаи ҳодисаи суқути ҷарсақил (крани борбардор ) дар Масҷид Алҳаром дар соли 2015 ро хатмшуда эълом кард.
Ин додгоҳ эълом кард ; кутоҳии мутаҳамон дар парвандаи суқути ҷарсақил исбот нашудааст.
Бар ин асос аз додситони куллӣ Арабистон хоста шуда аз илзоми ширкати Бинлодан ба пардохти дия ба масдумон ва хонаводаҳои қурбониён сарфи назар кунад.
Додгоҳи кайфарии Макка соли 2017 дар ҳукми аввалияи худ низ 13 корманди ин ширкати Саудиро табраа карда буд.
Ин додгоҳ дар раи худ эълом кард; рӯзи суқути ҷарсақил дар Масҷид Алҳаром рӯзи истироҳатӣ буда ва ҷарсақил дар шароити амне қарор дошта ва ҳеҷгуна кутоҳие аз ҷониби ширкати Бинлодан ва кормандони он дида нашудааст.
Дар ҳодисаи суқути ҷарсақил дар рӯзи ёздаҳуми сентиябри 2015, 107 нафар аз зоирони хонаи худо кушта ва 238 тани дигар захмӣ шуданд.