Сентябр 07, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Нахустин замзамаи ақибнишинии Амрико аз ҷанги Яман

Амрико барои нахустинбор иддао кард,ки бо ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар ҳоли музокира аст ва поёни ҷангро дар ин кишвари арабӣ пайгирӣ мекунад.

Ба нақл аз ИРНА,Девид Шанкар мудири кули Вазорати хориҷаи Амрико дар умури шарқи наздик гуфт,ки давлати Амрико ба шакли вижае бар рӯи поён додан ба ҷанг дар Яман мутамарказ шудааст.

Ин мақоми амрикоӣ иддао кард,ки Вашингтон дар музокирот бо ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар талош аст то ба як роҳ ҳали мақбул барои ҳарду тараф даст ёбанд.

Аммо Муҳаммад Албахитий узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҳаргуна музокираи ин гурӯҳ бо Амрикоро рад кард.

Ин тасмими Амрико пас аз он матраҳ мешавад,ки яманиҳо ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои худ алайҳи мавозеи Арабистони Саудиро ташдид карданд ва миёни Иморот ва Арабистон низ дар ҷабҳаҳои Яман ихтилофоте эҷод шудааст.

Ҳамлаи якшанбеи гузаштаи Иттилофи Саудӣ ба зиндоне дар маркази Яман низ бо эътирози густардаи Созмонҳои Ҳуқуқи Башарӣ рӯ ба рӯ шуд.

Даргириҳои Яман,ки аз чор сол пеш бо саркардагии Арабистон ва чанд кишвари арабӣ ва бо ҳимояти Амрико оғоз шуда,то кунун ҷони 70 ҳазор нафарро гирифтааст.

Барчасп