Кушта шудани мақоми ҳуқуқи башарӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46550-Кушта_шудани_мақоми_ҳуқуқи_башарӣ_дар_Афғонистон
Сарпарасти дафтари Комиссияи ҳуқуқи башар дар вилояти Ғӯри Афғонистонро ба қатл расонданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 07, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани мақоми ҳуқуқи башарӣ дар Афғонистон

Сарпарасти дафтари Комиссияи ҳуқуқи башар дар вилояти Ғӯри Афғонистонро ба қатл расонданд.

Ҳабибуллоҳ Родманиш, муовини волии Ғӯр гуфт, Абдуссамад Амирӣ рӯзи панҷшанбе аз Кобул ба самти ин вилоят дар ҳаракат буд, ки Толибон дар шаҳристони Ҷилрези вилояти Майдон - Вардак вайро аз мошин пиёда карда ва сарашро буриданд.

Вуқуи ин қатл ду ҳафта пас аз ҳушдори Созмони афви байналмилал дар бораи “ташдиди ҳамалот” аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ, алайҳи гурӯҳҳои ҳуқуқи башарии Афғонистон анҷом шудааст.

Шаҳристони Ҷилрез аз манотиқи ноамни вилояти Майдон - Вардак ба шумор меравад ва Толибон ҳар аз чандгоҳе дар ин шаҳристон даст ба куштори мардум мезананд.