Сентябр 08, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  • Толибон шаш хабарнигори маҳаллии афғонро рабуд

Ашхоси мусаллаҳ шаш хабарнигори маҳаллии афғонро дар вилояти Пактиё, дар ҷанубу шарқи Афғонистон рабуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо аз Кобул , манбаъҳои амниятӣ эълом карданд ин шаш хабарнигор наздики шаҳристони Зурмати вилояти Пактиё дар ҳоле, ки барои таҳияи барномаи хабарӣ роҳии маҳалли ҳодиса буданд ба дасти афроди мусаллаҳ рабуда шуданд.

 Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон бо интишори паёме масъулияти рабудани хабарнигорони маҳаллиро бар уҳда гирифт ва эълом кард ин афрод иштибоҳӣ рабуда шудаанд ва ба зудӣ озод хоҳанд шуд.

 

Барчасп