Сентябр 10, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори маҷмаи иқтисодии Авруосиё дар Чин

Маҷмаи иқтисодии Авруосиё бо ҳузури намояндагони кишварҳои узви ин маҷмаъ ва бо ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай аз имрӯз сешанбе дар шаҳри Сиан (Xi'an)-и Чин оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишасти ду рӯза, намояндагони кишварҳои Русия, Покистон, Ҳинд, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон аз Осиё ва кишварҳои Олмон ва Молдавия аз Аврупо ҳузур доранд.

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ҳадаф аз баргузории ин маҷмаро баррасии вазъияти иқтисодии Осиё ва Аврупо ва таомули ду қора бо ҳам барои равнақи иқтисодӣ ва тиҷорӣ эълом кард.

Владимир Норов афзуд, Созмони Ҳамкории Шанхай гомҳои баланде барои иқтисоди минтақа бардошта аст.

Маҷмаи иқтисодии АвруОсиё, як маҷмаи иқтисодии миёнгурӯҳӣ аз кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ аст. Ин маҷмаъ аз 10 октябри 2000 оғоз ба кор кард.

Дар Маҷмаи иқтисодии АвруОсиё кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон узвият доранд.

 

Барчасп