Қонуни ҷадиди Русия барои коҳиши саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46757-Қонуни_ҷадиди_Русия_барои_коҳиши_саҳмияи_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ
Давлати Русия тарҳеро тасвиб кард, ки дар соли 2020 саҳмияи коргарони муҳоҷир дар бархе аз бахшҳои иқтисоди ин кишварро коҳиш диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Қонуни ҷадиди Русия барои коҳиши саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ

Давлати Русия тарҳеро тасвиб кард, ки дар соли 2020 саҳмияи коргарони муҳоҷир дар бархе аз бахшҳои иқтисоди ин кишварро коҳиш диҳад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати кори Русия, мақомоти Вазорати сохтмонсозии Русия пешниҳод кардаанд, ки дар соли 2020 дар қаламрави вилоятҳои Амур, Бурятистон ва Маскав саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши сохтусоз коҳш дода шавад.

Бар асоси ин тарҳ, дар ҷумҳурии худмухтори доғистон дар соли 2020 саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба 50 дарсад расонда хоҳад шуд.

Ҳамчунин мақомоти Вазорати кишоварзии Русия хостори мушаххас кардани саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар кишту бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави ин кишвар шуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом, коҳиши саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва ҷазби нерӯи кори бумӣ унвон мешавад. Бар асоси гузориши созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, 70 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахши сохтмон дар манотиқи мухталифи Русия фаъолият мекунанд, ки тасвиби ниҳоии ин қонун ба зиёни ин афрод низ хоҳад буд.