Давлати Англия раъйи додгоҳ алайҳи фурӯши силоҳ ба Арабистонро нақз кард
Давлати Англия, ки иддаои бархурдорӣ аз дақиқтарин низоми контроли фурӯши таҷҳизоти низомӣ дар дунёро дорад, раъйи додгоҳи ин кишвар дар бораи ғайриқонунӣ будани фурӯши силоҳ ба эътилофи мутаҷовизи Арабистонро нақз кардааст.
Вазорати тиҷорати байналмилали Англия танҳо чанд рӯз пас аз раъйи додгоҳ, муҷаввизи судури 435 ҳазор пунд таҷҳизоти низомӣ ба Арабистонро содир карда, ки аз ин супориш бахши бештари онро ирсол кардааст.
Луиз Трасс, вазири тиҷорати байналмилали Англия рӯзи сешанбе дар номае ба кумитаи парлумонии контроли содироти аслиҳа, иқдоми давлатро ғайриамд тавсиф карда ва тавзеҳ дод, ки аз додгоҳ бобати судури ин муҷаввиз, бидуни қасд ва шарт узрхоҳӣ кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи вай таҳқиқот барои баррасии ҷузъиёти ин масъала ва ҷилавгирӣ аз такрори ин иштибоҳ оғоз шудааст.
Додгоҳи олии Англия тирамоҳи гузашта бо судури ҳукме, ки як пирӯзии чашмгир барои гурӯҳҳои зиддиҷанг маҳсуб мешавад, фурӯши силоҳ ба Арабистон тавассути давлати Англияро ғайриқонунӣ эълом карда буд.