Сентябр 19, 2019 16:00 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равоншиносии исломӣ дар Русия

Анҷумани мусоидати равонӣ ба мусулмонони Русия тарҳи тавсеаи равоншиносии исломӣ дар ин кишварро думбол мекунад.

Чанде пеш дар Маскав сеюмин Конфронси илмӣ амалии байналмилалии «Ислом: Суботи рӯҳӣ ва равонӣ, мабнои рифоҳ ва осоиши фард ва иҷтимоъ» бо созмонедҳии Бунёди ҳимоят аз фарҳанг, улум ва омӯзиши Русия баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, яке аз муҳиммтарин натоиҷи ин маросим, имзои тавофуқнома миёни Анҷумани мусоидати равонӣ ба мусулмонони Русия ва Донишгоҳи Исломии Индонезия буд. Ба назари коршиносон, ҳамкории Русия ва Индонезия дар ин арса ба таҳаввул ва тавсеаи илми равоншиносии исломӣ дар Русия мунҷар мешавад.

Индонезия дорои бештарин теъдоди мусулмон ва яке аз пешгомони ҷаҳонии тавсеаи равоншиносии исломӣ аст ва тайи 10 соли ахир таҷоруби зиёдеро дар ин замина анбошта, ки аз он ҷумла тавсеаи барномаҳои омӯзишии равоншиносии исломӣ аст.

Анҷумани мусоидати равонӣ ба мусулмонон, локомотиви тавсеаи равоншиносии исломӣ дар Русия маҳсуб мешавад ва барои Русия ҳамкори бо Индонезия бо эҳтисоби адами вуҷуди омӯзиши системаи равоншиносии исломӣ, бисёр арзишманд аст.

Дар таърифи равоншиноиси исломӣ омадааст, ин илм ба маънои амалӣ сохтани каломи нақлӣ ва каломи ақлии Ислом дар зиндагии рӯзмара бо равишҳои корбурдии равоншиносии рӯз ва табдили вожагони осмонии Қуръон ба маърифат аст.

 

Барчасп