Боздошти тарроҳи ҳамлаи хунин дар Зобули Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46895-Боздошти_тарроҳи_ҳамлаи_хунин_дар_Зобули_Афғонистон
Низомиёни афғон тарроҳи ҳамлаи хунин дар вилояти Зобул, ҷануби Афғонистонро боздошт карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 21, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Боздошти тарроҳи ҳамлаи хунин дар Зобули Афғонистон

Низомиёни афғон тарроҳи ҳамлаи хунин дар вилояти Зобул, ҷануби Афғонистонро боздошт карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо аз Кобул, дафтари матбуотии Вазорати дифои Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, вай дар амалиёти вижаи нерӯҳои артиш бо унвони “Мубин”, ки дар вилояти Ғазнии Афғонистон аз рӯзи гузашта оғоз шудааст, боздошт шуд.

Дар ин амалиёт ҳашт узви дигари Толибон низ, ки теъдоде аз онҳо дар созмондеҳии ҳамалот даст доштанд, дастгир шуданд.

Бар асари ҳамлаи террористии дирӯз, ки дар наздикии бемористони Қулот, маркази вилояти Зобул рӯй дод, 39 нафар куштаву дастикам 140 нафар захмӣ шуданд.

Ду тан аз куштаҳои ин ҳамлаи террористӣ аз нерӯҳои амниятӣ ва соири ҷонбохтагони ғайринизомӣ, ба вижа занону кӯдакон ҳастанд.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.