Сентябр 21, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 4 ҳазор нафар дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд

Пулиси Кашмири таҳти назорати Ҳинд эълом кард, пас аз лағви имтиёзоти вижаи Ҷому ва Кашмир, ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди ин минтақа боздошт шудаанд.

Ба нақл аз ИРНА, Дипак Синх, раиси пулиси Кашмири таҳти  назорати Ҳинд гуфт: Ҳудуди 3100 нафар аз ин теъдод пас аз муддати кӯтоҳе озод шудаанд.

Вай ба иллати боздошти ин афрод ишорае накард, аммо таъкид кард, ки зиндониён муҷозот хоҳанд шуд.

Нахуствазири Ҳинд 5 август аз тасмими худ барои лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмир хабар дод.

Давлати Мудӣ пас аз ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз эътирози мардум, мадорис ва донишгоҳҳоро таътил ва телефону интернети ин минтақаро қатъ кард.

 

Барчасп