Ашраф Ғанӣ: Беш аз ҳамеша ба сулҳ наздик шудаем
Бо вуҷуди шиддатёбии нооромиҳо ва ихтилофоти давлати Афғонистон бо гуруҳи Толибон,раисҷумҳури ин кишвар мегуяд ки Афғонистон беш аз ҳар замоне ба сулҳ наздик шудааст.
Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Сулҳ бо баёни инки Афғонистон беш аз ҳар замоне ба сулҳ наздик шудааст эълом кард: Ҷанг роҳи ҳалли хубе нест ва пешвоёни динӣ идомаи ҷанг дар ин кишварро ҳаром медонанд.
Раисҷумҳури Афғонистон афзуд : Давлати ваҳдати миллӣ дар панҷи соли гузашта барои даст ёфтан ба сулҳи пойдор ва одилонаву боиззаат дар кишвар талошҳои зиёде карда аст, ки дар натиҷаи ин талошҳо мавзӯи сулҳи Афғонистон аз ҳошия ба матн омадаву сулҳ аз як руъёии дур ба як воқеъияти наздику дастёфтанӣ мубаддал шуда аст .
Муҳамад Ашрафғанӣ таъкид кард : Беҳтарин роҳи ҳалли мунозиъоти 40 сола дар Афғонистон мушорикати сиёсӣ ва ҳимоят аз интихоботу низоми ҷумҳӯрӣ дар ин кишвар аст .
Суханони раисҷумҳури Афғонистон дар бораи наздик будани сулҳ дар ин кишвар дар ҳоле матраҳ шуд, ки ҳамалоти гурӯҳи Толибон ҳамзамон бо омодагии Кобул барои баргузории чаҳорумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ афзоиш пайдо кардаву танҳо дар як моҳи гузашта садҳо шаҳрванди афғон бар асари таркишҳову даргирӣ кушта ё маҷрӯҳ шудаанд .
Ба ҳамин далел ба назар мерасад изҳороти Ашрафғанӣ дар бораи наздик шудан ба сулҳи воқеӣ дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад .
Қарор аст чаҳорумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон шанбеи оянда ( 28 сентябр ) баргузор шавад .
Толибон пештар бо судӯри баёнияе раванди интихоботро "сохтагӣ" дониста ва аз мардум хоста буданд, ки аз таҷаммуъоти интихоботӣ ва марказҳои овоздиҳӣ дур бимонанд .