Боздошти даҳҳо муътариз дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46919-Боздошти_даҳҳо_муътариз_дар_Қазоқистон
Полиси Қазоқистон аз боздошти даҳҳо муътариз ба тавсеъаи равобити тиҷорӣ бо Чин хабар дод
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 22, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Боздошти даҳҳо муътариз дар Қазоқистон

Полиси Қазоқистон аз боздошти даҳҳо муътариз ба тавсеъаи равобити тиҷорӣ бо Чин хабар дод

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса , Вазорати дохилаи Қазоқистон эълом кард : Рӯзи шанбе  57 нафар ба далели мушорикат дар эътирозоти бидуни муҷаввиз дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон  боздошт шуданд .

 Ин тазоҳурот алайҳи тавсеъаи равобити тиҷории Қазоқистон бо Чин ба даъвати ҷумбиши « Интихоби демократии Қазоқистон » баргузор шуд .

Яке аз муътаризон дар Алмаато дар бораи тамоюли давлат барои афзоиши сармоягузории чиниҳо дар Қазоқистон гуфт :Чин давлати моро ба як кишвари тавлидкунандаи маводи хом табдил карда аст

 Вазорати дохилаи Қазоқистон эълом кард : Ба рағми ҳушдорҳои пайдарпаи додситонӣ   бархе шаҳрвандон ба дархостҳои таҳрикомези ҷумбиши ифротгарои пароканда эъломшудаи "Интихоби демократии Қазоқистон " посухи мусбат доданд .

 Додгоҳе дар Қазоқистон соли гузашта ҷумбиши "Интихоби демократии Қазоқистон "-ро як гурӯҳи ифротӣ хонд ва онро парокандашуда эълом кард .

Ин ҷумбиш ба раёсати Мухтор Аблязов   фаъолият мекунад, ки пештар вазири энергетика ва раиси Бонки марказии Қазоқистон буд ва соли 2009 аз кишвар гурехт .