Арабистон 39 бор Яманро бомбаборон кард
Яҳё Сареъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман шанбешаб эълом кард, ки ҷанганда- бомбафканҳои Арабистон дар 12 соъати гузашта 39 бор манотиқи маскунии ин кишварро бомбаборон карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира , ин ҳамалот дар ҳоле сурат мегирад ки ҷумъашаб Маҳдӣ Алмашот - раиси шӯроии олии сиёсии Яман гуфта буд : Ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ ба Арабистонро ба сурати шартнок мутаваққиф мекунем ва умедворем ки ин иқдом бо посухи мусбати эътилофи саъудӣ ҳамроҳ бошад .
Вай афзуд : Мо мунтазири иқдоми мутақобил аз сӯи саъудиҳо ҳастем ва умедворем тамоми ҳамалот ба хоки Яманро мутаваққиф кунанд .
ал- Дар ҳамин ҳол Абдулмалик Бадруддин Ҳавсӣ-раҳбари Ансоруллоҳ низ шанбешаб ба муносибати солгарди инқилоби 21 сентябри Яман гуфт ки дар сурати идомаи бомбаборон , муҳосира ва таҷовузи Арабистони саъудӣ ва Имороти муттаҳидаи арабӣ ҳамалоти дардноктару қавитар дар интизоршон хоҳад буд .