Сентябр 22, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • 28 кушта бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи Амрико

Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, аз кушта шудани 28 нафар бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, 58 мавриди тирандозӣ дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар рух дод, ки ин тирандозиҳо 28 кушта ва 52 захмӣ доштааст.

Бар асоси ин гузориш, бештари ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Калифрорнияи ҷанубӣ ва шимолӣ, Индиана, Иллинойс, Канзас, Алабама, Луизиана ва Флорида рӯй додааст.

Ҳамчунин таи 48 соати гузашта дар маҷмӯъ, 177 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 62 нафар куштаву 128 нафр захмӣ шудаанд.

 

Барчасп