Толибон: Силоҳи русиву эронӣ надорем
(last modified Mon, 23 Sep 2019 06:58:44 GMT )
Сентябр 23, 2019 11:58 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Силоҳи русиву эронӣ надорем

Сухангӯи Толибон иддаои бархе мақомоти маҳаллии Афғонистонро дар бораи истифодаи ин гурӯҳ аз силоҳҳои русиву эронӣ рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин иддаои мақомоти Афғонистонро ҷанги таблиғотӣ ва кизб хонд.  

Вай гуфт, силоҳҳое ки дар ҳамалоти Толибон ба низомиёни террористи амрикоӣ ва низомиёни афғон истифода мешавад, ё аз замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ боқӣ монда ва ё аз ишғолгарону афғонҳо ба ғанимат гирифта шудааст.

Мақомоти амниятӣ дар вилояти Зилманд, дар ҷануби Афғонистон ахиран иддао кардаанд, миқдоре силоҳи сохти Эрону Русия аз Толибон дар ин вилоят кашфу мусодира кардаанд.

То кунун давлати Афғонистон дар ин хусус изҳори назаре накардааст.