Сентябр 24, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи ҳуқуқи башарии Аврупо алайҳи Эрон; дугонагиҳои ҳуқуқи башарӣ дар Ғарб

“Риояти ҳуқуқи башар барои Эрон аз илзомоти шаръиву қонунӣ аст ва барои риояти он ниёз ба таъкидҳои муғризонаи дигарон нест”.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар вокуниш ба судури қатъномаи зиддиэронии порлумони Аврупо, бо таъкид бар ин мавзеъ афзуд: “Қатъномаи ҷонибдорона, яксӯя, ғайривоқеъбинона ва ноумедкунандаи порлумони Аврупо дар ҳоле алайҳи Эрон ба раъй гузошта мешавад, ки Амрико аз тариқи эъмоли терроризми иқтисодӣ алайҳи Эрон, ҳуқуқи беш аз 80 миллион инсонро нақз мекунад.

Мусавӣ судури ин қатъномаро баёнгари ноошноии намояндагони ҷадиди порлумони Аврупо бо таҳаввулоти ҷорӣ дар Эрон донист, ки сирфан бар пояи истифода аз иттилооти нодурусту ғайримувассақ ва бархе фазосозиҳои расонаии ҳадафманд, Эронро муттаҳам кардааст.

Порлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе (19 сентябр) дар қатъномае Эронро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард.

Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Эронро баҳонаи судури қатъномаи ҳуқуқи башарӣ қарор додааст, ки солҳост шоҳиди рафтори дугонаи Ғарб дар қиболи масъалаи ҳуқуқи башар ҳастем.

Имрӯзҳо занон дар Ғарб бар асоси оморҳову шавоҳиде, ки вуҷуд дорад, на танҳо ҳуқуқи мусовӣ бо мардон надоранд, балки аз ҳувияти худ тиҳӣ шудаву тафовутҳои фитриву инсонии зан мавриди тавваҷуҳ қарор намегирад ва зан фақат ба унвони як абзор мавриди истифода қарор мегирад.

Оника Флензбург, масъули умури матбуотии Афви Байналмилал мегӯяд: “Бисёре аз занон дар ин ҷавомеъ аз баёни он чӣ бар онҳо мегузарад, шарм доранд ва сукут ихтиёр мекунанд. Теъдоди бисёр каме ҳозиранд дар бораи рафтори хушунатомезе, ҳарф бизананд, ки алайҳи онон эъмол мешавад.”

Кишварҳои ғарбӣ тайи даҳаҳои ахир бо шиори зебову фиребандаи дифоъ аз занон вориди амал шуданд, аммо на танҳо дифое аз ҳуқуқи занон надоштанд, балки ҳуқуқи ононро ба унвони ниме аз ҷомеаи башарӣ тазъиф карданд.

Чолиши асосии ҳуқуқи башарӣ дар нигоҳи Ғарб ба ин масаъла ин аст, ки танҳо ҷанбаи маданиву сиёсиро мадди назар қарор додаву ба буъдҳои иҷтимоӣ, фарҳангиву динӣ ва арзишҳои дигари ҷавомеъ таваҷҷуҳе надорад. Чолиши дигар дар ин мавзуъ инҳисорталабӣ ва худбинии Ғарб аст, ки ҳуқуқи башарро ҷараёне яктарафа ва мутааллиқ ба Ғарб медонад ва ба дунболи таҳмили сабки зиндагии ғарбӣ аст.

Ин дидгоҳҳо сабаб шудааст, ки ҳуқуқи башар аз нигоҳи Ғарб ба навъе ба қудрати нарм барои нуфузу таҳти фишор гузоштани кишварҳои мустақилу мухолифони низоми султа табдил шавад.

Чунон ки сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ишора кардааст, Ғарб бо стандартҳои дугона дар мавзӯоти ҳуқуқи башарӣ, аз ин ҷараён истифодаи абзорӣ мекунад ва ба ин иллат таомул бо иттиҳоди аврупоӣ бо судури ин гуна қатъномаҳову иқдомот дар тазод аст.

Муттаассифона, бисёре аз иттифоқоти ногуворе, ки ҳар рӯз дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бо нақзи ошкори ҳуқуқи инсонҳо такрор мешавад, натиҷаи ҳамин бархурдҳои гузинишӣ ва пинҳон шудани аҳдофи сиёсӣ зери ниқоби ҳуқуқи башар аст. Масаълаи ҳуқуқи башар дар воқеъ бо иқдомоти дугонаи Ғарб, гирифтори сиёсатзадагӣ шудааст. Амалкарди Иттиҳоди Аврупо дар заминаи ҳуқуқи башар низ дучори таноқузҳои ошкор аст ва ҳарфу амали бештари кишварҳои ин иттиҳодия баёнгари навъе аз дугонагӣ аст, ки бо ибҳомоти ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.

Қатъномаи зиддиэронии порлумони Аврупо низ аз ин қоида мустасно нест. Иттиҳоди Аврупо бо бархӯрдҳои комилан сиёсӣ, чашмони худро бар воқеиёти марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ бастааст.

Он гуна ки Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, агарчӣ ниёзе ба қиёс бо кишварҳои минтақа нест, аммо дар бисёре аз ҳавзаҳо вазъияти ҳуқуқи занон ва ба таври куллӣ ҳуқуқи башар дар Эрон бо ихтилофи зиёде аз марзҳои минтақа фаротар рафтааст ва дар мавориди зиёде ҷойгоҳи занони эронӣ дар шароити беҳтар аз занон дар кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар қарор дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон  аммо фориғ аз ин ворунанамоиҳову фазосозиҳо, ба масири худ дар ҳифзу иртиқои ҳуқуқи шаҳрвандони худ бар асоси усули мутараққии исломиву қонуни асосӣ идома хоҳад дод.