Октябр 02, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории панҷумин маҷмаи байналмилалии “Хабарнигорон ва блогнависони мусулмон” дар Русия

Панҷумин маҷмаи байналмилалии “Хабарнигорон ва блогнависони мусулмон” дар Русия баргузор шуд

Дар панҷумин маҷмаи байналмилалии хабарнигорон ва блогнависони мусулмон”, ки рӯзҳои 26-27 сентябр дар Санкт-Петербург дар Русия баргузор шуд, ширкаткунандагон ба тақвияти равобит ба ҳадафи муқобила бо ахбор ва гузоришҳои ҷаълӣ таъкид карданд.

Суханронон аз расонаҳои ҷамъӣ хостанд то ба усули ахлоқи рӯзноманигорӣ пойбанд бошанд ва вазифаи ҳирфаии худро содиқона ва бетарафона анҷом диҳанд. Дар рӯзи поёнии ин ҳамоиши дурӯза, пешнависи эъломияе тасвиб шуд, ки чашмандози ояндаи чунин таомули муфидиро ташреҳ мекунад.

Илова бар ин эъломия, роҳҳо ва шеваҳо барои тақвияти ҳар чӣ бештари равобити беҳина дар миёни ширкаткунандагон ва касоне, ки дар барномаҳои оянда ширкат мекунанд, баён шуд. Баргузоркунандагон ибрози тамоюл карданд, ки ин анҷуманҳо дар саросари ҷаҳони Ислом баргузор шавад.

Тақрибан ҳамаи суханронон дар маҷмаи панҷум ба зарурати ҳамоҳангии бештар байни рӯзноманигорони мусулмони русӣ ва хориҷӣ барои муқобила бо интишори иттилооти нодуруст ишора карданд.

Дар ҳамин росто, ширкаткунандагон ҳамчунин аз расонаҳои ҷамъӣ хостанд то бо қотеият ба усули ахлоқии рӯзноманигорӣ поибанд бошанд, вазифаи ҳирфаии худро содиқона ва бетарафона анҷом диҳанд, ки ин ҳамсӯ бо мафоди маншури ҷаҳонии ахлоқи рӯзноманигорӣ, мусавваби июни 2019 дар Тунис аст. Ин рӯйдод тавассути гурӯҳи “Биниши стратегии Русия - ҷаҳони Ислом” баргузор шуд.

 

 

Барчасп