Октябр 06, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Трамп расвоии Украинаро ба гардани вазири энергетика андохт

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки дар паи исрори вазири энергетика, бо ҳамтои украинии худ тамоси телефонӣ барқарор кардааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи торнамои амрикоии Аксиус, Доналд Трамп дар нишасте бо аъзои ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, ки муртакиби хато ва иштибоҳе нашуда ва тамоси телефониаш бо Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина ба исрори Рик Перри, вазири энергетикаи Амрико будааст.

Раиси Ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд: Мавзӯи аслии гуфтугӯи телефонӣ, тарҳи гази табиии моеъ (LNG) будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар гузориши панҷсаҳифаии Кохи Сафед дар бораи тамоси телефонии Трамп ва Зеленскии Кохи Сафед, ишорае ба вазири энергетикаи Амрико ва мавзӯи гази табиии моеъ нашудааст.

Як корманди ҷомеаи иттилоотӣ ба тозагӣ моҷарои муколамаи телефонии Трампро бо раисҷумҳури Украина расонаӣ кард.

 

Барчасп