Октябр 07, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Кобул се муҳандиси ҳиндиро бо ёздаҳ узви Толибон мубодила кард

Давлати Афғонистон эълом кард, ёздаҳ узви Толибонро дар ивази раҳоии се муҳандиси ҳиндӣ аз зиндон озод кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ҳафт муҳандиси ҳиндӣ, ки барои кор дар нерӯгоҳи барқ дар вилояти Бағлон, шимоли Афғонистон фаъолият мекарданд, дар майи соли 2018 ба дасти Толибон рабуда шуданд.

Давлати Афғонистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, ду фармондеҳи аршади Толибон ба номҳои Шайх Абдурраҳим ва Мавлавӣ Абдуррашид дар миёни ёздаҳ узви ин гурӯҳ ҳастанд, ки аз зиндон озод шудаанд.

Яке аз гаравгонҳо дар моҳи март озод шуд, аммо сарнавишти дигар муҳандисони ҳиндӣ мушаххас нест.

 

 

 

 

Барчасп