Октябр 07, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоии Рӯзи Ҳусайн(а) дар Амрико

Роҳпаймоии Рӯзи Ҳусайн(а) дар Амрико баргузор мешавад.

Маросими роҳпаймоии Рӯзи Ҳусайн(а)рӯзи  20 меҳрмоҳ дар шаҳри Сан-Франсиско воқеъ дар иёлоти Калифорнияи Амрико баргузор мешавад.

Дар фарохони вижаи ин маросим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, омадааст, ин роҳпаймоӣ шанбеи оянда (20 меҳрмоҳ) баробар бо 12 октябр аз соати 10 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад ва то соати 15 идома дорад.

Тиловати Қуръон, шеърхонӣ, эҳдои хун, тавзеи бастаҳои беҳдоштӣ дар миёни бехонмонҳо ва намози ҷамоат аз барномаҳои ин роҳпаймоӣ эълом шудааст.

9 маркази исломӣ дар Сан-Франсиско воқеъ дар соҳили ғарбии Амрико дар барпоии роҳпаймоии Рӯзи Ҳусайн(а) ҳамкорӣ хоҳанд дошт ва Маркази исломии Муҳаммадия, Фотимия, Қубо, масҷиди имом Ҳусайн(а), масҷиди ҳазрати Фотима(а) ва масҷиди Расул аз ҷумлаи ин ниҳодҳо ҳастанд.