Октябр 08, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Равнақи гардишгарии ҳалол дар Русия дар солҳои ахир

Мусалмонони бисёре алоқаманд ба сафар ба Русия ҳастанд ва бо вуҷуди набуди гардишгарии ҳалол дар Русия бархе аз ҳотелҳо ва ресторанҳои ин кишвар барои ҷалби назари мусалмонон ба гардишгарии ҳалол руй оварданд.

Русия як кишвари аврупоии зебо аст, ки мусофирони бисёре аз дигар нуқоти ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои исломӣ ва арабӣ ба ин кишвар сафар мекунанд. Аммо шумори зиёде аз занони мусалмони арабӣ ба далели ҳиҷоб ва доштани ниқоб бо мушкили ресторанҳо ва ҳотел ру ба ру ҳастанд, зеро дар ин маконҳо равиши исломӣ риоят намешавад.

Ба нақл аз Шабистон, ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои гардишгарӣ риояти занони мусалмонро мекунанд ва гардишгарии ҳалолро барои мусалмонон ба вижа занон фароҳам карданд. Ба тавре ки на танҳо ба таъсиси ҳотелҳои исломӣ барои мусалмонон иқдом карданд, балки истахр ва тафарруҷгоҳи сарпушидаеро барои занони мусалмон ихтисос доданд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҳотелҳо дар Русия ба гардишгарии ҳалол руй овардаанд ва талош доранд, то бо ихтисоси ғизои ҳалол назари вижаи мусалмононро ҷалб кунанд.

Яке аз ҳотелҳои Русия ҳотели Грайд бутик дар маркази Маскав аст, ки гардишгарии ҳалолро барои мусалмонон иҷроӣ мекунад; ҳамчунин ҳотели  korston royal дар Қазон низ хадамоти ҳалолро ба гардишгарони мусалмон ироа медиҳад.

Аз ресторанҳои ҳалоли Русия ресторани TUBATAY дар Қазон, ресторани Бардак ва ресторани Тоҷмаҳал дар Қазон аст, ки ба мусалмонон ғизои ҳалол медиҳад.