Ташарруфи 5500 нафар аз бумиёни Мексика ба дини ислом
(last modified Thu, 10 Oct 2019 06:16:40 GMT )
Октябр 10, 2019 11:16 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи 5500 нафар аз бумиёни Мексика ба дини ислом

Ҳудуди 5500 нафар аз бумиёни маяии Мексика дар иёлати Чияпас дар ҷануби ин кишвар аз соли 1989 токунун мусалмон шудаанд.

Ба нақл аз ИКНО, теъдоди ашхоси тозамусалмон дар миёни бумиёни маяии Мексика ба хотири истиқболи онҳо аз пайёми сулҳ ва ҳамзистии ин дин таи як даҳ солаи гузашта афзоиши тасоудӣ доштааст.

Вуруди мусалмонони муҳоҷир аз Лубнон, Сурия ва ҳатто Спания  ба густариши ислом дар Мексика кумаки бисёре кардааст.

Яке аз марокизи тамаркузи мусалмонон дар рустое дар ҷануби иёлати Чияпас аст.

Бисёре аз ашхоси бумии ин русто дар наздикии шаҳри Сан-Кристобал-де-лас-Касас , ки ба унвони ҷомеаи бумии Тзотзил шинохтаа мешавад ба ислом гаравидаанд.

Ҷомеаи бумии Тзотзил  бо ҷамъияти 300 ҳазор нафарӣ намунае аз охирин бозмондааҳои импиратурии бостонии Мая дар Амрикои Марказӣ ба шумор меравад.