Баргузории семинари "Дину омӯзиш" дар Индонезия
(last modified Sat, 12 Oct 2019 08:08:46 GMT )
Октябр 12, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории семинари

Семинари "Дину омӯзиш" дар Индонезия баргузор шуд.

Ба нақл аз ИКНО, нахустин семинари байналмиллалии "Дину омӯзиш" дар Индонезия ба ҳиммати Вазорати дини Индонезия баргузор ва дар он бар эҷоди роҳкорҳои муассир ва равиши саҳиҳи омӯзиш ва тавсеаи фарҳанги динӣ-қуръонӣ таъкид шуд.

Ин семинар бо ҳузури Меҳрдоди Рахшанда ройзани фарҳангии Эрон дар Ҷакарта ва шахсиятҳои динӣ ва илмӣ ва бо ҳамкории донишгоҳи Шариф Ҳидоятуллоҳ-и Индонезия ва ҳалқаи олимони кишварҳои узви АСАН (Иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқи Осиё) дар ҳотели Сентикаи Индонезия баргузор шуд.

Абдулраҳмон Масъуд раиси Кумитаи баргузории ин конфронс дар суханоне ба баёни чароии баррасии мавзӯи дину омӯзиш ва аҳамияти ин мавзӯъ дар ҷаласаҳои омӯзиш ва пажуҳиши Вазорати дини Индонезия пардохт.

Луқмон Сайфуддин вазири дини Индонезия низ изҳор кард, имрӯз ҳама муътақиданд, ки дин нақши муҳиме дар ҳифзи каромати инсон дорад ва интизори мо ин аст, ки андешмандон ва олимони дин бо баргузории чунин конфронсҳо ва нишастҳое равиши саҳеҳи омӯзишро барои ҳавзаҳои дин ва марокизи илмии кишвар табйин кунанд.

Дар ҳошияи ин семинар Меҳрдоди Рахшанда ройзани фарҳангии Эрон дар Индонезия бо вазири дини ин кишвар дидор ва дар бораи тавсеаи фаолиятҳои қуръонӣ ва гуфтугӯҳои динӣ баҳс ва табодули назар кард.