Имзои лоиҳаи қонуни ҷадиди содасозии дарёфти шаҳрвандии Русия аз суйи давлати ин кишвар
(last modified 2019-10-12T12:36:00+00:00 )
Октябр 12, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Имзои лоиҳаи қонуни ҷадиди содасозии дарёфти шаҳрвандии Русия аз суйи давлати ин кишвар

Давлати Русия бо имзои лоиҳаи қонун дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия, ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар ба хориҷиҳоро содатар кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, бар асоси ин қонун, минбаъд довталабони дарёфти шаҳрвандии Русия дар муддати се моҳ имкони ба даст овардани шаҳрвандии Русияро доранд. Зеро мутобиқи ин қонун, ҳамакнун баррасии дархостҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия бо тартиби содашуда сурат мегирад ва муҳлати баррасии дархостҳо аз 6 моҳ то се моҳ кам карда шудааст.

Дар тавзеҳи ин лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки бо қабули қонуни мазкур аз сӯйи Думаи давлатии Русия, тартиби дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия беҳтар мегардад ва монеаҳои маъмурӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ ба нафароне ки қонунҳои ин кишварро риоят мекунанд ва иқомати қонунӣ дар қаламрави Русия доранд, коҳиш хоҳад ёфт.

Лоиҳаи ин қонун аз сӯйи давлати Русия қабул шудааст ва ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ ирсол шудааст.

Ин бори аввал нест, ки давлати Русия қонуни дарёфти шаҳрвандиашро сода месозад. Дар охирин таҳрири қонуни дарёфти шаҳрвандии Русия, барои баррасии дархости довталабони дарёфти шаҳрвандии Русия шаш моҳ замон таъйин шуда буд.

Ҳамасола наздик ба 30,000 шаҳрванди Тоҷикистон тобеъияти Русияро мепазиранд.