Мушаки ҷадиди чинӣ метавонад Ню-Йоркро бо хок яксон кунад
(last modified Wed, 16 Oct 2019 09:41:36 GMT )
Октябр 16, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Мушаки ҷадиди чинӣ метавонад Ню-Йоркро бо хок яксон кунад

Расонаи чинӣ ба амрикоиҳо ҳушдор дод: Мушаки боллистикии ҳастаии ҷадиде, ки ахиран дар паради низомии бузурги Чин аз он рӯнамоӣ шуд, қодир аст бузургтарин шаҳри Амрикоро комилан вайрон кунад.

Ба нақл аз Тасним, пойгоҳи хабарии чинизабони Sina,  аз коршиносони низомӣ гузориш дод, ки мушаки боллистикии "DF_41", ки қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ дорад, қодир аст дар муддати 30 дақиқа масофати Чин то Амрикоро паймуда ва шаҳри Ню-Йоркро бо хок яксон кунад.

Мушаки боллистикии ҳастаии "DF_41", ки аввали октябр дар паради низомӣ ба муносибати 70-умин солрӯзи таъсиси Ҷуммҳурии халқии Чин аз он рӯнамоӣ шуд, бо бурде беш аз 14 ҳазор километр, дурбурдтарин мушаки ҳастаии ҷаҳон ба шумор меравад ва қодир аст ба таври ҳамзамон 10 кулоҳаки ҳастаии ҷудошавандаро ҳамл кунад.

 

Барчасп