Сентябр 25, 2016 20:03 Asia/Dushanbe
  • Монеътарошии Англия дар масири таҳқиқот перомуни ҷиноёти ҷангии Оли Сауд

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ба иқдомоти Англия дар мухолифат бо таҳқиқоти байналмилалӣ барои ҷиноёти ҷангии Оли Сауд дар Яман эътироз карданд.

Ба навиштаи рӯзи якшанбеи рӯзномаи "Гордиян", гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, Англия бо фурӯши таслиҳот ба Арабистони Саудӣ дар марги ҳазорон ғайринизомӣ дар бомбаборони эътилофи саудӣ алайҳи мардуми Яман нақш доштааст.

Бар асоси ин гузориш, Англия пеши таҳқиқоти мустақили як гурӯҳ дар Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии ҷанги Яманро гирифтааст, ки ин масъала бо эътирозоти густурда ва ибрози нигаронӣ аз тарафи гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ рӯбарӯ шудааст.

Ин гузориш афзудааст, Нидерландия ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар Женева пешниҳод дода буд то таҳқиқоти мустақил барои баррасии марги ғайринизомиён дар Яман ба дасти эътилофи саудӣ сурат бигирад.

Таҳқиқот бо мухолифати Англия рӯбарӯ шуд ва Созмони милал танҳо мувофиқат кард, ки дафтари комиссари олии маъмуриро эъзом кунад то шароити Яманро аз наздик расад ва гузориш диҳанд.

Тасмими Созмони милал мунҷар ба вокуниши гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва дафтари комиссари олии Созмони милал шуд ва онҳо низ нисбат ба ин раъй муътариз шудаанд.

Гурӯҳҳо ва фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар номае саркушода эълом карданд, таҳқиқоти байналмилалӣ кӯмак мекунанд то ҳақоиқ равшан шуда ва иттилооте дар бораи хушунатҳо ва суиистифодаҳо дар Яман маълум шаванд.

 

Барчасп