Октябр 17, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё бар сари «Брекзит»

Раиси Комиссияи Аврупо ва нахуствазири Бритониё, аз тавофуқи Брюссел ва Лондон бар сари наҳваи хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо имрӯз (панҷшанбе) дар ҳисоби шахсии “Твиттер”-и худ навишт: “Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ба тавофуқи мунсифона ва мутавозин расиданд, ки гувоҳӣ бар тааҳҳуди ду тараф ба ёфтани роҳи ҳал аст”.

Юнкер дар ин “твитт” пешниҳод кард, ки Шӯрои Аврупо тавофуқ байни Лондон ва Брюсселро мавриди таъйид қарор диҳад.

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, низ дар ҳисоби “Твиттер”-и худ навишт: “Брюссел ва Лондон ба тавофуқи ҷадиде даст пайдо карданд, ки контроли авзоъро дар ихтиёрашон бар мегардонд”.

Ҷонсон афзуд, парлумони Бритониё бояд рӯзи шанбеи оянда Брекзитро ба анҷом бирасонад.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳизби иттиҳодгарои демократи Ирландияи Шимолӣ, эълом карда, ки аз ин тавофуқ ҳимоят нахоҳад кард.

Роберт Ҷенерик, вазири маскани давлати Бритониё дар вокуниш ба баёнияи Ҳизб иттиҳодгарои демократ гуфта буд, тавофуқи Брекзит бо вуҷуди мухолифати ин ҳизби Ирландия Шимолӣ қобили дастёбӣ аст.

Муҳлати Бритониё, 31 октябр барои хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо ба поён мерасад ва Ҷонсон исрор дорад, ки Бритониёро дар таърихи муқаррар, аз ин иттиҳодия хориҷ кунад.

 

Барчасп