Оғози ҳафтаи хайрияи исломӣ дар Англия
Бо оғози ҳафтаи хайрияи исломӣ дар Англия, мусулмонони ин кишвар иқдом ба ҷамъ оварӣ ва эҳдои кумакҳои худ ба ниёзмандон мекунанд.
Ба нақл аз ИКНО, хайрияи исломии Islamic Relief бунёнгузори ин муносибат ва яке аз созмонҳои фаоли исломӣ дар заминаи умури харйрия дар Англия аст.
Ин ниҳоди исломӣ, ки 16 сол пеш кори худро дар Лондон оғоз кард, эълом кардааст, ки имсол ҳафтаи хайрияи Англияро бо шиори "Тавони худро якпорча мекунем" баргузор мекунад.
Дар пойгоҳи иттилоърасонии ин хайрия омадааст, дар саросари ҷаҳон миллионҳо кудаки осебпазир дар фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ҳафтаи хайрия аз мардум даъват мешавад, то барои ҳимоят аз прожаҳои кудакмеҳвар кумаки молӣ кунанд.
Хайркунандагон дар ин ҳафта талош мекунанд, ки барои кудакони фақир амнияти ғизоӣ фароҳам шавад, кудакони ятим таҳти ҳимоят қарор гиранд ва ба мардуми осебдида аз ҳодисаҳои табиӣ кумак шавад.
Таи 16 сол аз оғози номгузории ин ҳафта, ҳазорон мусулмон барои кумак ба ашхоси ниёзманд гирди ҳам омадаанд. Ин кумакҳо ба ашхоси ниёзманд дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон аз Кейп Таун дар Африқои Ҷанубӣ то Калифорнияи Амрико тааллуқ гирифтааст. Таи ин муддат маблағи 8.1 миллион понд кумак ҷамъ оварӣ шудааст.