Октябр 22, 2019 15:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Туркия бо Камбоҷа барои тавсеаи саноати ҳалол

Туркия барои тавсеаи саноати ҳалол бо Камбоҷа ҳамкорӣ мекунад.

Ба нақл аз Ҳавза, вазири тиҷорати Камбоҷа дар дидоре, ки бо Вазорати тиҷорати Туркия дошт, хостори мусоидат барои тақвияти тиҷорати ҳалол дар кишвараш шуд ва афзуд, ки саноати ҳалол дар Камбоҷа ҳануз навпо буда, аммо потенсиалҳои зиёде барои он вуҷуд дорад.

Ҳафтаи гузашта Пан Сорасак вазири тиҷорати Камбоҷа таи сафари расмӣ ба Анкара аз масъулини Туркия хост барои беҳбуди сифати маводи ғизоии ҳалол дар Камбоҷа ва густариши огоҳӣ дар байни шаҳрвандони Камбоҷа кумакрасонӣ кунад.

Дар дидор бо вазири тиҷорати Камбоҷа рӯзи ҷумъа вазири тиҷорати Туркия, Руҳсор Пикан мувофиқат кард, ки тимеро барои кумак ба тавсеаи саноати ҳалол ташкил диҳад.

Вазири тиҷорати Камбоҷа дар баёнияе, ки тавассути вазоратхона мунташир шуд гуфт, ғизои ҳалол ва исломӣ ҳамакнун дар Камбоҷа навпо аст ва мо ба пуштибонӣ ва кумаки фаннии Туркия ба вижа дар мавриди лозимоти беҳдоштӣ ва судури гувоҳинома эҳтиёҷ дорем.

Ҳар ду раҳбари сиёсӣ ҳамчунин мувофиқати худро барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ байни давлатҳои худ эълом карданд ва вазири тиҷорат Сорасак аз ширкати ҳавопаймоии Туркия хост, то барои шуруъ, парвози мустақим байни ду кишвар барқарор шавад.

Барчасп