Эъломи вазъи фавқулодда дар Туркия
Бо гузашти ҳудуди шаш рӯз аз табаддулоти нофарҷоми Туркия раисҷумҳури ин кишвар се моҳ ҳолати фавқулодда эълом кард, ки бар асоси он, Ҳукумати Туркия иҷоза меёбад, тасмимҳои амниятӣ, сиёсӣ ва низомиро ба раҳбарии шахси Урдуғон дар Туркия амалӣ кунад.
Раисҷумҳури Туркия ба дунболи кудатои нофарҷоми ахир дар ин кишвар ба муддати се моҳ вазъи фавқулодда эълом кард. Ба иттилои манобеи мухталифи хабарӣ, Раҷаб Тайиб Урдуғон, шаби чаҳоншанбе, пас аз поёни ду ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва нишасти кобинаи Туркия ба муддати се моҳ вазъи фавқулодда эълом кардааст. Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин таъкид кардааст, ки урупоиҳо ба ҳеҷ унвон ҳақ надоранд, аз тасмими Ҳукумати Туркия барои эъломи вазъи фавқулодда интиқод кунанд.
Дар тӯли се моҳи вазъи фавқулодда кобинаи Туркия метавонад тасмимҳои амниятӣ, сиёсӣ ва низомӣ бигирад ва роҳбарии ин вазъ низ ба уҳдаи раисҷумҳур аст. Ҳамчунин дар пайи барканору ихроҷ кардани бисёре аз додгустарҳо, нерӯҳои пулис ва кормандони дастгоҳҳои мухталиф пас аз табаддулоти нофарҷоми Туркия Шӯрои олии омӯзиши ин кишвар хурӯҷи устодони донишгоҳҳоро аз Туркия то иттилои баъдӣ мамнӯъ кард. Ин шӯро 1577 нафар аз раисони донишгоҳҳоро барканор кард.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Туркия дар суҳбат бо шабакаи "ал-Ҷазира" ҳушдор дод, дар сурате ки Амрико аз истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен даст кашад, иштибоҳи бузургеро муртакиб шудааст. Ӯ афзуд, то кунун беш аз нуҳ ҳазор нафар аз касоне, ки дар ин кудато даст доштанд, дастгир шудаанд. Муовини нахуствазири Туркия низ гуфтааст, кишвараш дар садад аст, ба таври муваққат Конвенсияи ҳуқуқи башарро ба ҳолати таълиқ дароварад, то шароит барои эъдоми авомили кудато фароҳам шавад.