Хуруҷи комили нерӯҳои Демократики Сурия аз Рас Алайн
Сухангуи шебҳи низомиёни курд мавсум ба нерӯҳои Демократики Сурия эълом кард ; бар асоси тавофуқи оташ бас байни Амрико ва Туркия , нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври комил аз шаҳри Рас Алайн- шимол шарқи Сурия- хориҷ шуданд.
Ба нақл аз шабакаи хабарии Алолам , Кину Габриел сухангуи шебҳи низомиёни курд мавсум ба нерӯҳои Демократики Сурия рӯзи якшанбе бо судури баёнияе тасриҳ кард ; дар чорчуби тавофуқи оташ баси мувақат бо тарафи турк ва миёнҷигарии Амрико , шаҳр Рас Алайн ба таври комил аз нерӯҳои Демакратики курд тахлия шудааст.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия низ хуруҷи нерӯҳои Демократики курди Сурия аз шаҳри Рас Алайнро таъйид кард.Бар асоси тавофуқи Амрико ва Туркия , қарор аст аз фардо сешанбе дар мудати 120 соат ҷанг мутавақиф шавад ва нерӯҳои курд аз минтақаи ҳоили шимоли Сурия онгуна ,ки Туркия эълом карда ақибнишинӣ кунанд.