Вахомати авзоъ дар Кашмир 83 рӯз пас аз ҳукумати низомии Ҳинд
Камбуди шадиди озуқа, дору ва ниёзҳои аввалияи зиндагӣ, ки ба далели эъмоли ҳукумати низомӣ аз сӯи Ҳинд рух дода, ҷони миллионҳо кашмириро бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.
Ба гузориши Эй.Ор.Вай нюс, давлат бо вуҷуди гузашти 83 рӯз аз ҳукумати низомии золимона дар Кашмири ишғолӣ ҳамчунон мардумро дар хонаи худашон ҳабс кардааст.
Поёни захоири ғизоӣ ва доруӣ боиси вахомати шадиди авзоъ барои мусулмонони минтақа шудааст ва набуди имконоти беҳдоштӣ рӯзона ҳадди ақал 10 нафарро ба коми марг мекашонанд.
Аз сӯи дигар, баста шудани роҳҳо дар Кашмир иртиботи мардуми ин минтақа бо соири нуқоти Ҳиндро қатъ кардааст.
Тибқи эъломи коршиносони иқтисодӣ 83 рӯзи ҳукумати низомӣ тавассути Ҳинд, иқтисоди минтақаи ишғолии Кашмирро бо ҳаддиақали як миллиард доллар хисорат рӯ ба рӯ кардааст.
Ҳамчунин таътилии иҷбории бозорҳо ва марокизи касбу кор ва ҳатто мадорис низ боиси бекор шудани ҳазорон нафари дигар шудааст.
Дар ин муддат мардум ҳатто иҷозаи адои намозҳои рӯзонаи худ дар масоҷидро надоранд ва низомиёни ҳиндӣ ба ҳар иҷтимое юриш мебаранд.
Дар ин муддат давлатҳои мухталиф аз Ҳинд хостаанд, зимни рафъи ҳукумати низомӣ дар Кашмир ба ҳуқуқи мардуми ин минтақа эҳтиром гузошта ва иҷозаи баргузории ҳамапурсии озодонаро бидиҳад.
Ҳинд дар се даҳаи ахир ҳадди ақал 100 ҳазор нафар аз мардуми Кашмирро кушта ва боиси нопадид шудани 10 ҳазор нафари дигар шудааст.