Ноябр 07, 2019 19:11 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти як зан мусалмон дар интихоботи Сенати иёлатии Амрико

​​​​​​​Барои нахустин бор як зани мусалмон дар интихоботи Сенати иёлати Вирҷинияи Амрико пирӯз шуд ва ба ин маҷлис роҳ ёфт.

Ғизола Ҳошимӣ, номзади Ҳизби демократ тавонист сенатор Глен Стурт-ван номзади ҷумҳурихоҳро дар раъйгирии минтақаи 10-и Вирҷиния шикаст диҳад ва ба Сенати ин иёлат роҳ пайдо кунад.

Ба гузориши ИКНА, Ҳошимӣ, ки табори ҳиндӣ дорад, дар муборизоти интихоботии худ бар мабоҳисе аз ҷумла мубориза бо хушунат, маҳдудияти аслиҳа ва омӯзиш тамаркуз карда буд. Вай дар паёме, ки баъд аз ин пирӯзӣ дар шабакаи иҷтимои “Твиттер” мунташир кард, навишт: “ин пирӯзӣ танҳо мутааллиқ ба ман нест. Ин мутааллиқ ба ҳамаи шумо аст, ки эътиқод доштед, ки мо бояд дар Вирҷиния тағйироти мудовим эҷод кунем, барои ҳамаи шумо, ки эҳсос кардед, ки садо надоред ва ба ман эътимод кардед то намояндаи шумо бошам”.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Сенат дар ду иёлати Вирҷиния ва Кентукки, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, бо пирӯзии демократҳо ҳамроҳ буд, ки шикасте барои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии соли ояндаи ин кишвар маҳсуб мешавад.